Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён доир ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ, таҳти роҳбари муовини раиси ноҳия ва аъзоёни Комиссия оид ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур Маҳмаюсуф Боймаҳмадов, муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Салоҳиддин Алимзода, сардори Сарраёсати иҷтимои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Шуҳрат Шокиров, сардори Сарраёсати таҳлилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, А.Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия, М. Сайвализода раиси дастгоҳи ноҳия инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони талкишоту идораҳои ноҳия иштирок доштанд.
Бадахшон Амриева сардори Раёсати омор дар ноҳияи Кӯшониён «Оид ба рафти корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ноҳияи Кӯшониён дар соли 2020» баромад намуда, иброз дошт, ки барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ ба шумор рафта, дар сатҳи умумии ҷумҳуриявӣ тавассути пурсиши фардии истиқоматкунандагони мамлакат ба даст оварда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, новобаста аз буҳронӣ сиёсӣ ва молиявӣ соли 2000- ум бори нахуст «Барӯйхатгирии аҳолӣ» ва соли 2010 — ум «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил» — ро гузаронида, ба корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи навбатии соли 2020 оғоз намуд.
Дар идома қайд гардид, ки яке аз корҳои муҳими давраи тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 ин муайян сохтани сарҳади ноҳия, батартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар маҳаллаҳо ва гузоштани лавҳаҳои номи кӯчаҳо ва маҳаллаҳои ноҳия мебошад.