Имрӯз, 18 ноябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ҷаласаи корӣ барпо гардид.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин қисман раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулони комиссияҳои даъват ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа вазири мудофиа Шералӣ Мирзо доир ба рафти маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, уҳдадориҳои масъулони даъвати ҳарбӣ сухан ронда, ба аҳамияти иҷрои нақшаи даъват таъкид намуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки хизмат дар сафи артиши миллӣ барои ҳар як шаҳрванд мояи шарафу сарбаландист. Ҷавононро дар ҳамин рӯҳия бояд тарбия кард. Корҳои ташвиқотӣ, оммафаҳмонӣ, ҳавасмандсозии ҷавонон бояд вусъат дода шуда, ҳисси ифтихори ватандории насли наврасу ҷавон боло бурда шавад.
Нақшаи сафарбарии навҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав пеш аз муҳлат иҷро шуда, шаҳру навоҳии Норак, Данғара, Балҷувон, Темурмалик дар арафаи иҷрои нақша қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи тирамоҳии даъвати ҳарбӣ аз 1 октябр то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин доир ба омодагии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба мавсими сармои пешорӯ, иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта, андозҳо таҳлилу масъалагузорӣ карда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.