Рӯзи 14 августи соли 2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раис, аъзои Комиссия, раисон ва котибони Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шахсони даъватшуда, баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Комиссияи мазкур ду масъала: фаъолияти Комиссия дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюм, оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 сентябри соли 2013, №213 оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Дар бораи стротегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020” мавриди баррасӣ қарор гирифт.