Имрӯз, 18 апрел, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарию гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 3 миллиарду 63,8 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоизро ташкил дод, ки ба ҳар як нафар аҳолӣ 914,5 сомонӣ рост омада, нисбати нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 50 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 565,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2019-ум 27,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 5,1 фоизро ташкил дод.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят кишти зироатҳо муташаккилона идома дошта, дар бахшҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ то санаи 15 апрел 252,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, аз он масоҳати кишти ғалладонагиҳо 127 ҳазор гектар, пахта 77900 гектар, зироатҳои равғандеҳ 8551 гектар, полезиҳо 8251 гектар, сабзавот 17554 гектар, картошка 5278 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 8280 гектарро ташкил мекунад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1967 тонна сабзавот, 15 тонна картошка ва 12,5 тонна меваҷот истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1127,5 тонна сабзавот ва 7,9 тонна меваҷот зиёд мебошад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати самараноку оқилона мавриди истифода қарор додани заминҳои корами обӣ ва афзун намудани масоҳати кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ҷораҷӯӣ гардида, ба дурнамои сохтори кишти такрории зироатҳо барои ҳосили соли ҷорӣ тағйиротҳо ворид карда шуданд. Дар сохтори кишт бештар ба зироатҳои ғалладонагиҳо, махсусан лӯбиёгиҳо, инчунин картошка, сабзавот ва полизиҳо диққати бештар зоҳир карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят гузаронидани 130 ҳазор гектар кишти такрорӣ пешбинӣ карда шудааст.
Имрӯзҳо тамоми кишоварзони меҳнатқарини вилояти Хатлон кӯшиш карда истодаанд, ки кишту кори баҳориро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳар як ваҷаб заминро самарабахш истифода баранд.
Раиси вилоят ба тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявиро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати иҷрои супориши қатъӣ ва фаврии Роҳбари давлат вобаста ба то 40 фоиз зиёд намудани нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошка то 60 фоиз афзоиш додани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, инчунин таъмини истеҳсолу захираи орду равған тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи вилоят, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ васеъ ба роҳ монанд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласа Муроҷиатномаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон ба мардуми шарифи вилоят қабул гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба 18 нафар ғолибони озмуни вилоятии “Ободгари Ватан”, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаю иншоотҳои таъиноти гуногун ва анҷом додани амалҳои хайру савоб фаъол буданд, сипоснома ва ҳадяҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон