Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2020, ки таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гузашт, як қатор масъалаҳои мубрам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ибтидои ҷаласа қайд кард, ки беш аз 91 дарсади интихобкунандагон аз вилояти Хатлон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷонибдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Интихобот шаффофу демократӣ ва бидуни тақаллуб гузашта, аз ҷониби нозирони миллию мушоҳидони байналмилалӣ ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст.

Пасон муовини якуми раиси вилоят Абдуалим Исмоилзода оид ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ маърӯза кард.

Зикр гардид, ки иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 9 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1109,4 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 7,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо 101,7 фоиз таъмин карда шуд.

Ба иттилои А. Исмоилзода, дар 9 моҳи соли 2020 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1131,4 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 137,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад (113,8%). Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 341,2 миллион сомонӣ (30,2%), саноат, сохтмон ва нақлиёт 337,3 миллион сомонӣ (29,8%), савдо 257,6 миллион сомонӣ (22,8%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 8,4 миллион (0,7%) ва дигар соҳаҳо 186,9 миллион сомонӣ (16,5%) равона карда шудааст.

Дар вилоят дар ин давра 36204 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҳисоби баргузории 302 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 3270 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 5308 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Дар 9 моҳи соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ 217,2 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи  соли 2019-ум 61,6 миллион доллари ИМА кам шуда, 78 фоизро ташкил медиҳад;

Дар ҷаласа қайд гардид, ки содироти мол 100,9 миллион долларро ташкил дода, воридоти мол ба вилоят ба 116,3 миллион доллар расидааст.

Аз вилоят ба хориҷи кишвар асосан нахи пахта, калобаи ресандагӣ, нерӯи барқ, семент, шираи камол, ангишт, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулотҳо содирот гардида, аз хориҷи кишвар нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти тиббӣ-доруворӣ, шакар ва дигар анвои маҳсулот ворид карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6007,3 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 230,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 4,0 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 2,0 фоизро ташкил медиҳад). Дар вилоят 90 адад номгӯи муҳимтарини истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард – 44,2 фоиз, истихроҷи маъдан – 3,6 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ – 51,7 фоиз ва хизматрасонии об – 0,6 фоизро ташкил дод.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва минтақавӣ доир ба ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта, коҳиши ҳаҷми бақияпулии андоз, пардохти саривақтии маошу нафақапулиҳо, ташвиқу тарғиби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифтани тамоми кӯдакону наврасони синни мактабӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, қабули шаҳрвандон ва чораандешӣ нисбат ба муроҷиати онҳо, омодагии ҷиддӣ ба масвими сармо ва дигар масъалаҳои мавриди назар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон