Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи кории назди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба масъалаҳои ҷамъоварии ҳосили пахта, кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, раванди саноаткунонӣ ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар даҳмоҳаи соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 ҳисобот дод.

Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, вусъат бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, обуна ба матбуоти даврӣ, ба танзим даровардани нархи наво дар бозорҳо, захираи хӯроки дусола, кишти саривақтии ғаладонагиҳо, аз ҷумла гандум, иҷрои саривақтии андоз, истифодаи оқилона ва дурусти неруи барқ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулини шаҳру ноҳияҳо дастур дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон