Дар доираи амалишавӣ оид ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

  Бояд қайд кард, ки шаҳри Кӯлоб дар қатори яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ қарор дошта, кашфиёти бостоншиносӣ собит сохтааст, ки 3500 сол пеш дар Кӯлоб мардуми кишоварз ва чорводор мезистанд. Дар ин сарзамин ҳунармандӣ низ ривоҷу равнақ дошта, кулолон дар чархҳои кулолгарӣ зарфҳои барои рӯзгор заруриро сохта, мавриди истифодаи мардум қарор медодаанд. Осори таърихии 2700 – солагии шаҳр дар Қалъаи Чармгарони поён низ дарёфт шуда, намунаҳои гуногуни ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ (матоҳои абрешимии баландсифат: парча, алоча, куртача, сузанӣ), фаъолияти заргарӣ, кулолгарӣ, истеҳсолоти чарм, дуредгарӣ, инчунин истеҳсоли кордҳо, таҷҳизоти асп, яроқ ва дигар маҳсулоти металлӣ аз он дахолат медиҳанд, ки сокинони шаҳр рушди баланди ин соҳаҳоро ноил гардида буданд.

  Тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қалъаи Кӯлоб барқарор гардида истодааст. Дар соли 2018 ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ корҳои сотмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

  Баъди пурра барқарор гардидани Қалъаи Кӯлоб он яке аз ҷойҳои таърихӣ ҷиҳати муаррифии шаҳри бостонии Кӯлоб барои сайёҳон ва меҳмонон хоҳад шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here