Раёсати фарҳанги вилоят дар якҷоягӣ бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо бахшида ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи иттилоотиро роҳандозӣ намуда, ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим менамояд.
Ин навбат рӯзи 2 май таҳти роҳбарии муовини сардори раёсати фарҳанги вилоят Шарифзода Савсан аксияи иттилоотӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон баргузор гардида, ба шаҳрвандон зиёда аз 2 ҳазор варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо оид ба мавзеҳои сайёҳии вилоят ва ҳунармандони мардумии вилоят тақсим карда шуд.
Тавре Шарифзода Савсан иттилоъ дод, мақсади баргузории аксияи мазкур, ин огоҳ намудани ҷавонон ва аҳолӣ аз ҳунарҳои қадима ва манзараҳои дилфиреби сайёҳии вилоят буда, ба ин васила мардум аз ҳунари ҳунармандон ва ҷойгиршавии ин маконҳо бохабар мегарданд.