Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятӣ — хайриявии «Бобуна» ( роҳбараш Сайидислом Мирзоев) аксияи хайриявӣ ва ҳамоише бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва 24 март — рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил гузаронида шуд. Дар ин чорабинии идона ва хайриявӣ раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла, дар бораи ройгон будани ташхис ва табобати бемории сил, кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳон дар мавриди ҳамкориҳои судманд ҷиҳати мубориза бар зидди бемории сил қайд намуд.
Сайидислом Мирзоев, роҳбари Ташкилоти ҷамъмятӣ — хайриявии «Бобуна» зимни суханронӣ аз таҷрибаи бевоситаи кориаш оиди табобатшаванда будани бемории сил ва татбиқи назарияи солимгардонии беморони сил, ба таҳсилоти тиббӣ ҷалб намудани онҳо ва ҳамчун ихтиёрӣ (волонтёр) фаро гирифтани онҳо дар мубортза бар зидди бемории сил бо мисолҳои дақиқ нақл кард.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба 50 нафар беморони дар қайди диспансерӣ буда, тӯҳфаҳо дода шуд.