Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз зимни суҳбат бо сокинони аз офати табии моҳи май зарардидаи ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғ зикр намуданд, ки ҳамдастии тамоми фаъолони вилоят, аз ҷумла ҷавонон, занон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҳизбиён дар кори сохтусози манзилҳои нави зист нишонаи раднопазири ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмии мардуми сарбаланд ва сулҳу субот дар мамлакат аст.
Қудратулло Олимов, падари 4 фарзанд, ки алъон бо мусоидати кормандони беморхонаи марказӣ ва дигар ихтиёриён хонасозӣ мекунад, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти давлатӣ ва ҳамаи ёрмандон барои кумакрасонӣ ва мушорикаташон дар кори хайр изҳори сипос намуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз хаймаҳои зисти муваққатии шаҳрвандон якояк дидан намуда, онҳоро ҳол пурсиду ҳамроҳашон суҳбат орост. Шаҳрвандон Сафоев Абуалӣ, Музаффарова Сайфия (хонаи №17), Сафоев Ҷаббор (хонаи №21) ва дигарон аз дастгирии бевоситаи роҳбарияти давлат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ карданд. Гуфтанд, ки барояшон на танҳо масолеҳи сохтмонӣ муҳайё шудааст, балки барои кашонидани сангу қум, хишту дигар лавозимот якчанд адад мошини боркаш ташкил кардаанд. Инчунин, нисфирӯзӣ ва шомгоҳ ҳамаи хонаводаҳо ва дастёрони ихтиёрӣ бо таоми гарм таъмин мешаванд.
Бобоҷон Кибориён, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки бо гурӯҳи устодони ин муассиса ба бунёди зербинои яке аз манзилҳо андармон буд, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ДДБ сарпарастии корҳои сохтмониро дар хонаҳои №17 ва 43-и деҳи навбунёд ба зимма гирифтааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарият ва ҳамаи омӯзгорони донишгоҳ барои ташаббуси наҷибашон ташаккур баён намуданд.
Дар ҷараёни боздид аз маҳаллаи Чорбоғ Қурбон Ҳакимзода инчунин ба кори ҳашарчиён ҳамроҳ шуда, мардумро ба вусъати сохтмон ташвиқ намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон