Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии “Маҳмадиполвон” ва “Муҳаммадсодиқ” дар деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин” дидан намуд. Дар хоҷагии “Маҳмадиполвон” боғи бодому зардолу бунёд ва дар 6 га пахта, 0,5 га лаблабу, дар 1,5 га гандум, дар 2,32 га полезӣ, аз ҷумла тарбуз, каду, харбуза, инчунин кабудӣ, лубиёгӣ, дар помидор, офтобпараст ва дар 1 га маккаи дон кишт шуда, 18 нафар дар он саҳм доранд. Хоҷагии деҳқонии мазкур бозорҳои дохили кишварро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунад.
Дар хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадсодиқ” дар 3 га боғи ангур бунёд гардида, дар 4 га пахта, дар 0,8 га помидор, дар 0,8 га боимҷон, дар 0,7 га қаланфури булғорӣ ва дар 0,08 га чормағзи заминӣ кишт шудааст. 13 нафар дар ин хоҷагӣ саҳм доранд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо аҳли деҳи Ҳаваскор аз маданияти баланди истифодабарии замин, муносибати оқилона ба кишту кор дар ин маҳал ситоиш намуда, фаъолияти кишоварзии онҳоро намунаи ибрату омӯзиш арзёбӣ намуд.