Имрӯз, 16 ноябр, дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон роҳпаймоиҳои идона, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодаанд.
Дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар роҳпаймоии ҷавонон таҳти шиори “Пайравони Пешвои миллатем!” доир гардид, ки дар он ҳазорон нафар ширкат варзиданд.
Чорабинии тантанавии бахшида ба Рӯзи Президент дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барпо гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонаш нахуст аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин китобҳое, ки ба корномаи Роҳбари давлат бахшида шудаанд, дидан карданд.
Пасон, раиси вилоят аҳли толорро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳам тавъам омадани ин ҷашнҳоро далели саҳми беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи неъмати соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони маҳбуб хонд.
— Таҷрибаи таърихӣ борҳо исбот намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ. — Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои аз ҳар ҷиҳат зарардида дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, имрӯз маҳз тавассути сиёсати ободгаронаи Пешвои миллат ба як минтақаи пешрафтаи кишвар мубаддал гашта, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нишонаи гӯёи нусрат ва баракати сулҳу салоҳ мебошад.
Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ дар вилоят садҳо муассисаи соҳаи маорифу тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок аҳамияти махсус доранд. Дар ин замина ҳазорҳо нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилотии ватанӣ ва хориҷиро хатм намуда, имрӯзҳо дар рушду тараққиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Барномаи консертии ҳунармандони вилоят идомадиҳандаи ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Президент буд. Дар ин намоиш композитсияҳои адабию мусиқӣ, саҳнаҳои рақсӣ, суруду таронаҳои марғуби “Эҷоди Ватан”, “Эй Сарвари мо”, “Эҳдо ба Пешво”, “Ҳиммати тоҷик”, “Марди Худо”, “Эҳёгари таърих”, “Садои тоҷик”, “Пешво”, “Тоҷикистон, ба пеш!” аз рӯйи матни шоирони маъруфи тоҷик М. Ғоиб, Ҳ. Ғоиб, К. Насрулло, А. Муродӣ, А. Хатлонӣ, Хайрандеш, У. Билолӣ, В. Аштӣ ва ғайра манзури тамошочиён гардонида шуд.
Дар охир, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо тақдими гулбуни зебо ба аҳли ҳунар, аз аҳли толор ва кулли мардуми шарифи Хатлонзамин даъват ба амал овард, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат беш аз пеш муттаҳидтар шуда, дар якҷоягӣ баҳри гулгулшукуфии диёри азизамон саҳми муносиб гузорем.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон