Имрӯз, 24 ноябр, дар майдони Парчами давлатии маркази вилоят – шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

Нахуст, аз чаҳор самти шаҳри Бохтар то ба майдони Парчами давлатӣ роҳпаймоии идонаи ҳазорҳо нафар ҷавонони парчамбадаст, кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ доир шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли ҷамъомад ва тамоми мардуми шарафманди вилоятро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барояшон зиндагии ободу осоишта, саломатии бардавом ва саодатмандӣ орзу намуд.

Зикр гардид, ки ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосир баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишварамон ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул гардид.

— Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрўз азму талош дорад, — афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Қобили зикр аст, ки расо даҳ сол пеш, соли 2009, ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрўз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дўстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст.

Дар партави ин иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ майдонҳои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла пояҳои парчам ва нишони давлатӣ сохта шуда истодаанд.

— Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини вилояту ҷумҳуриамон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд, — зикр намуд раиси вилоят дар интиҳои суханронии худ.

Пасон, аҳли ҳунари вилояти Хатлон намоиши пурмазмуни консертию бадеиро манзури тамошочиён гардониданд, ки аз композитсияҳои адабӣ, рақсҳои гурӯҳии ансамблҳои “Шашмақом”, “Ситора” ва “Хутал”, суруду таронаҳои зебои тараннумкунандаи Ватани маҳбуб ва Парчами давлатӣ иборат буд.

Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода тамоми иштирокчиёни роҳпаймоии идона, дастандаркорони барномаи ҳунарӣ, санъаткорон ва масъулони ин чорабинии ҷашниро бори дигар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуманди он шуд, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сўйи ояндаи неку осуда бошад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here