Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар ноҳияи Балҷувон барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Сангов Гулмаҳмад омад.
Аёдати меҳтарони меҳнат аз ҷониби раиси вилоят ба ҳукми анъана даромада, пайваста зимни сафарҳои кориаш ба шаҳру навоҳии вилоят анҷом дода мешавад.
Сангов Гулмаҳмад 85 сол дошта, дар деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти Балҷувон истиқомат мекунад ва бо ихтисоси зоотехник собиқаи кории 67 сола дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти пурсамар кардааст.
Аз соли 1955 то соли 1961 дар ноҳияҳои Совет (ҳоло Темурмалик), Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Ҳисор ба ҳайси омӯзгор ва китобхоначӣ кор кардааст.
Соли 1966 баъди хатми Институти кишоварзии Тоҷикистон то соли 2001 дар вазифаҳои зоотехник, сарзоотехники совхозҳои Кангурт ва Балҷувон, бригадири совхоз, сардори умури кишоварзӣ, сардори хоҷагии занбӯрпарварии ноҳияи Балҷувон фаъолият кардааст.
Аз соли 2001 инҷониб раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия мебошад.
Заҳматҳояш бо Ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Зимни аёдати собиқадорон раиси вилоят ёдовар шуданд, ки давлату ҳукумат фаъолияти собиқадорону пирони рӯзгордидаро, ки умри худро баҳри пешрафти мамлакат сарф кардаанд, фаромӯш намесозад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба собиқадор барои фаъолияти бисёрсолаи намунавиаш изҳори сипос намуда, барояш саломатии устувору рӯзгори ободу осуда таманно кард.
Бояд гуфт, ки ин оилаи намуна оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар замини наздиҳавлигияш картошка, пиёз, каду, помидору бодиринг, кабудиҳо ва ғалладонагиҳо шинонида аз ин ҳисоб захираи зимистонашонро омода карда истодаанд. Ҳамзамон дар ҳавлии худ боғу токзор парвариш намудааст, ки ғарқи ҳосил мебошад ва аз ин ҳисоб шароити зиндагии худро таъмин месозанд. То имрӯз аҳлу байти ин хонадон дар 300 адад зарфҳо афшураҳо маҳкам кардаанд.