Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 30 январ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун собиқадорони меҳнат Назаралӣ Абдурасуловро аёдат намуд.
Назаралӣ Абдурасулови 68-сола собиқаи беш аз 40-солаи кор дар арсаи иқтисоду кишоварзӣ ва хизмати давлатӣ дорад.
Солҳои 2006-2016 дар мақоми муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун кори пурсамар кардааст.
Заҳматҳояш бо ифтихорномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд.
Раиси вилоят аз замини наздиҳавлигии Н.Абдурасулов дидан карда, барои истифодаи самарабахши он баҳои баланд дод.
Назаралӣ Абдурасулов 18 сотих замини наздиҳавлигиашро ҳамроҳи фарзандон пурсамар истифода намуда, ҳар сол то се ҳосил мерӯёнад. Инчунин, дар гармхонааш лимӯпарварӣ карда, аз ҳисоби даромадаш корҳои ободонӣ ва боғ бунёд мекунад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода фаъолияти бисёрсолаю бенуқсони Н.Абдурасулов, дастовардҳояш дар соҳаи кишоварзӣ, боғдориро намунаи ибрати мутахассисони ҷавон арзёбӣ карда, қайд намуд, ки аз таҷрибаю машварати ӯ дар пешбурди корҳои кишоварзӣ бояд фаровон истифода карда шавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон