Дар ноҳияи Кӯшониён Давлаталӣ Саид иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон хонадони марҳум Маҳмадов Маҳмадҷон Толибовичро аёдат намуда, бо падару модари ин фарзанди шуҷоъ суҳбат карда аз тарбия ва қаҳрамонии ин далери шуҷоъ пурсон ва ёдоварӣ намуданд.
Маҳмадов Маҳмадҷон Толибович соли таввалудаш 14.07.2000 дар деҳаи Заводи Хишти Ҷамоати деҳоти Заргар дар оилаи коргар ба дунё омада, соли 2007, ба синфи якум ба МТМУ, №14 таҳсилро оғоз намуда, соли 2018 муассисаи мазкурро хатм намудааст.
Баъди хатми муассиса соли 2018 ба Донишгоҳи Олии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2022 Донишгоњи мазкурро хатм намуд. Мувофиқи тақсимоти Гарнизони Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сафарбар гардид.
Дар оила Маҳмадов Маҳмадҷон Толибович фарзанди 6 ум буда 4 хоҳар, 2 бародар дорад. Падараш Маҳмадов Толиб (собиқадори ВКДҶТ буда) айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошта, модараш Маҳмадова Сайлигул (хонашин) мебошад.