Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Темурмалик ба аёдати Фотима Салимова омад.
Фотима Салимова 20-уми январи соли 1913 дар деҳаи Рӯҳафзои Ҷамоати деҳоти Саидмӯъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ дар собиқ колхози “Правда” колхозчӣ шуда кор мекард, ба ғаллакорию чорводорӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагӣ машғул буд.
Вай собиқаи зиёда аз 40 — солаи корӣ дорад. Фотима Салимова бо вуҷуди умри беш аз якасраи хеш худро солиму бардам ҳис мекунад, бе ёрии каси дигар ба ҳавлӣ баромада, гардиш менамояд.
Аз нақли момаи Фотима бармеояд, ки ӯ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мисли дигар занҳои тоҷик дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Ватан ва Қувваҳои Мусаллаҳи он шабу рӯз кору меҳнат мекард. Маҳз ба ин хотир момаи Фотима барои меҳнати садоқатмандона дар ақибгоҳ ва саҳмаш дар кори Ғалаба бар фашизм соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Россия бо медали “75- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” қадрдонӣ карда шуд.
Салимова Фотима имрӯз соҳиби 3 фарзанд, 20 набера, 75 абера ва 13 чабера мебошад. Писари якумаш Гулаев Қарабой алҳол 73 сола буда, Гулаев Назир ва Гулаев Бозорбой дар синни 60 — 66 солагӣ қарор доранд.