Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон то санаи 25 майи соли ҷорӣ дар масоҳати 313,9 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Аз он масоҳати кишти ғалладонагиҳо 131,1 ҳазор гектар (104,7%), зироатҳои равғандеҳ 9051 гектар (115 %), полезиҳо 11342 гектар (100,4%), сабзавот 20,7 ҳазор гектар (108,8%), картошка 6321 гектар (93%) ва зироатҳои хӯроки чорво 11019 гектарро (78,9%) ташкил медиҳад.
Масоҳати кишти пахта дар вилоят 124371 гектарро дар бар гирифта, дурнамои имсола 100,3 фоиз таъмин карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки кишти соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1864 гектар зиёд буда, ҳамарӯза рафти парвариш, озуқадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои агротехникии пахта зери назорати доимии масъулони соҳа қарор дорад.
Ба ҳолати 23 майи соли ҷорӣ дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ 305,6 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 231,5 ҳазор тонна пиёз, 25,9 ҳазор тонна сабзӣ, 12,8 ҳазор тонна бодиринг, 4361 тонна помидор, 14313 тонна карам ва 604 тонна дигар сабзавотҳо, инчунин 34481 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 14126 гектар кишти пиёз (аз ҷумла дар майдони 8842 га пиёзи барвақтӣ) гузаронида шуда, тибқи арзёбии мутахассисон, аз ин заминҳо имконияти зиёда аз 600 ҳазор тонна пиёз истеҳсол намудан мавҷуд аст.
То нимаи моҳи май ҳосили майдони 5864 гектар пиёз ҷамъоварӣ гардида, 231,5 ҳазор тонна пиёзи кишоварзон пешкаши сокинони ҷумҳурӣ ва ба хориҷи кишвар содирот шуд.
Омили дигаре, ки фаровонии бозорҳои вилоят ва ҷумҳуриро таъмин менамояд, истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ мебошад. Майдони гармхонаҳо дар вилояти Хатлон сол то сол афзоиш ёфта, имсол ба 770 гектар расонида шуд. Дар гармхонаҳо ҳосилнокии сабзавот аз ҳар як гектар аз 550 то 600-сентнерӣ расонида мешавад. (то поёни моҳи май аз ин ҳисоб зиёда аз 11300 тонна маҳсулоти барвақтӣ ба фурӯш бароварда шуд).
Дар вилоят имсол 1029 гектар боғҳои нав, 193 гектар токзорҳои нав, 28,5 гектар боғҳои интенсивӣ, 23,5 гектар ситрусӣ, дар маҷмӯъ 1222,0 гектар бунёд гардида, майдони 414,7 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуд. Иҷрои Барнома 100,8 фоиз таъмин гардид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон