Нимаи дуюми рӯзи 23 январ дар шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», олимону муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва тиб рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ кардаанд, инчунин барандаҳои гранти раиси вилояти Хатлон барои бонувони соҳибкор баргузор гардид.
Қайд гардид, ки бо ибтикори наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи ҷамоат, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ташкилу баргузор ва натиҷагирӣ гардида, барои кашфи падидаҳои нав, муаррифии истеъдодҳо ва ҷалби мардум ба китобу мутолиа заминаи муносиб гузошт.
Тибқи тартиби муқарраргардида, даври аввали озмун, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даври дуюм дар маркази шаҳру ноҳияҳо баргузор карда шуд. Аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар умум 5100 нафар иштирок карда, аз ин теъдод 637 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, дар озмун иштирок намуданд.
Даври вилоятии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ду минтақа, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор ва натиҷагирӣ карда шуда, 83 нафар бо Диплом, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва 101 нафар бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ ва дастгирии табақаҳои гуногун дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятӣ 166 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо карда шуд, ки нисбати соли 2019-ум 79 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ин иқдом дар оянда низ идома ёфта, падидаҳои нав ва иштирокчиёне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз вилояти Хатлон 92 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 20 ҷой, 1 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм мушарраф гардида, бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят тасмим гирифт, ки ғолибонро бо чунин тартиб: барои ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ намояд.
Инчунин, имрӯз 14 нафар муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои тиб, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо шарафёб гардидаанд, дар ҳаҷми 10000 ва 5000 сомонӣ мукофоти ҳавасмандгардонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дастрас намуданд.
— Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди корҳои илмӣ, дифои рисолаи номзадӣ, докторӣ ва омӯзиши илмҳои муосир дар кишвар тамоми шароити муносиб фароҳам оварда шудааст, — таъкид намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Бояд ҷавонон аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, сатҳи донишандӯзии худро сайқал диҳанд. Зеро ҷавонон соҳибони ояндаи сарзамини аҷдодӣ, созандагони фардои ободи кишвар ва нигоҳдорандаи мактаби бузурги илмии тоҷик мебошанд.
Раиси вилоят ҳамчунин аз нақши рӯзафзуни занони соҳибкор дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ёдовар гардид.
Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз дар вилояти Хатлон 17541 нафар буда, аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо дар соли 2016 — 29 нафар, соли 2017 — 30 нафар, соли 2018-31 нафар, соли 2019 — 31 нафар ва соли 2020 — 30 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори грантҳои мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Инчунин, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ ба 21 нафар занон пешбинӣ гардида, ҳамасола 21 грант ба занон дода мешавад.
Тайи солҳои 2016-2020 ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба 105 нафар занони соҳибкору ҳунарманд дастрас гардид, аз ҷумла бо пешниҳоди лоиҳаи «Чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ», «Либосҳои миллии тоҷикии атлас ва попурӣ дар мӯди ҳозира», «Таъсиси сехи адрасбофӣ», «Курси омӯзиши дӯзандагӣ», «Таъсиси сехи дӯзандагӣ», «Гулдонбофӣ», “Рушди ҳунарҳои кадбонугӣ» ва «Моҳипарварӣ», «Рушди соҳаи чорводорӣ» ва «Парандапарварӣ», “Ташкили гармхонаҳо” ва ғайраҳо. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 1900 нафар бо ҷойи кор ва 2576 нафар ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ дар самтҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Дар вилояти Хатлон соҳибкорзанони муваффақ, ба монанди Сафарова Мавлуда, Валиева Басгул, Ҳакимова Шарора аз шаҳри Кӯлоб, Шоинова Ҳусния аз шаҳри Бохтар, Боқиева Гулбарг аз ноҳияи Муъминобод, Самадова Тозагул аз ноҳияи Кушониён, Раҷабова Инобат аз ноҳияи Вахш, Сайдалиева Саодат аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Усмонова Қундузой аз ноҳияи Панҷ, Бурҳонова Шаҳло аз ноҳияи Шаҳритуз, Султонова Муқаддас аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки даҳҳо ҷойҳои корӣ ташкил намуда, дар пешрафту ободии диёрамон саҳми муносиб гузоштаанд.
Дар чорабинии имрӯза низ 21 нафар ғолибони озмун барои дарёфти грантҳои нави раиси вилояти Хатлон грантҳои Раиси вилоят-ро барои соли 2021 дар ҳаҷми аз 8000 то 20000 сомонӣ дастрас намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ баҳри рушди соҳибкорӣ, бахусус фаъолияти занони соҳибкор тамоми чораҳоро андешида, ин бонувони ташаббускорро дастгирӣ менамояд.
— Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоят корҳои зиёди ободонию созандагӣ бомаром ҷараён дошта, аз ҳар яки шумо, бонувони масъулиятшиносу зебопараст, ҷавонони фаъолу донишманд, олимону муҳаққиқони вилоят даъват мекунам, ки дар раванди корҳои созандагӣ пешсафу намунаи ибрат бошед, — хулоса намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Раиси вилоят ҳамчунин иқдом кард, ки дар баробари ҳар муҳаққиқе, ки дар соли 2021 рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, ба роҳбари илмии ӯ низ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ҳамин гуна, дар баробари ҳар як ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омӯзгори ӯ низ мукофотпулӣ хоҳад гирифт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон