Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Ёвон бунёдкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза мегиранд. ҶДММ “Истиқлолият”, ки роҳбарии онро ҷавонмарди ватанпарвар Қоризода Мухторхуҷа ба уҳда дорад, айни замон дар шаҳраки Ёвон ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта истодааст, ки яке нуҳ ва дуюмӣ шашқабата мебошанд. Мавсуф то имрӯз дар маркази ноҳия се бинои серқабатаи истиқоматӣ ва якчанд иншооти хизматрасонӣ ва варзишӣ бунёд карда, ҳамчунин, пайваста ба табақаи ниёзманди аҳолӣ дасти ёрӣ дароз мекунад. Воқеан соҳибкорони ёвонӣ ватандӯст ва бунёдкоранд, онҳо ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, софдилона заҳмат мекашанд, то хидмати халқу Ватанро ба ҷо биоранд.