Рӯзи 9-уми июни соли 2018 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед дар Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Хатлон қабули шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар доир гардид.
 Мазмун ва моҳияти муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои гуногун буда, бештар ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ, қаллобӣ, содиршавии ҷиноятҳо ва дигар арзу шикоятҳоро дар бар мегирифт.
 Аз он ҷумла, бархе шаҳрвандон ҷиҳати баргардонидани фарзандони гумроҳшудаи худ, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои ҷангзадаи хориҷӣ иштирок менамоянд, муроҷиат намуданд.
Арзу муроҷиати шаҳрвандон шунида, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.
  Мавриди қайд аст, ки дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он пайваста шаҳрвандон қабул гардида, арзу муроҷиати онҳо саривақт ва объективона баррасӣ карда мешаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here