Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Хатлон оид ба қабул ва муроҷиати шаҳрвандон рӯзи 6 августи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсидди Шоҳин вохӯрӣ ва мулоқот бо шаҳрвандони ноҳия баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ, масъулон ва дигар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва намояндагони ВАО-и маҳалливу минтақавӣ иштирок доштанд.
Нахуст, раиси ноҳия Гулзода Зафар ҳозиринро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло дод. Муовини раиси вилоят қайд намуданд, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти ҳидояту супоришҳои Сарвари давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохтмони як қатор иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Дар рафти суханронӣ оид ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, доир ба ҷиҳозонидани техникаҳои муосир дар соҳаҳои тандурустӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тараққӣ додани самти сайёҳӣ, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, қайдҳо намуд.
Сипас, муроҷиати шаҳрвандони ноҳия сурат гирифт. Дар муроҷиат 11 нафар шаҳрвандон доир ба масъалаҳои гуногун арз намуданд. Муроҷиати шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ва кашидани хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои табибон ва омӯзгорон, сохтмони муассисаи таълимӣ барои маҳаллаҳои навбунёд, кумаки молиявӣ барои маъюбон, таъмири роҳҳои байниноҳиявӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ва муҳлатнок барои соҳибкорон иборат буд. Баъд аз шунидани арзи ҳар як сокини ноҳия, аз тарафи муовини якуми раиси вилоят ба ҳар як масъули ташкилоту идораҳо доир ба иҷроиш ва таъмини ин масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи 7- моҳаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз тарафи раиси ноҳия доир ба пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳисоботи мухтасар дод.
Сипас, муовини якуми раиси вилояти Хатлон бо вуҷуди пешрафт дар соҳаи иҷрои андоз ва дигар соҳаҳо қайдҳо намуда, иброз доштанд, ки камбудиву норасоиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мавҷуд аст. Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои пасти омори маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар самти кишти картошка, маҳсулоти сабзавоту меваҷот, захираи картошка, зироатҳои ғалладонагӣ қайдҳо намуда, масъулони соҳаҳои зикршударо барои саривақт анҷоми корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷамъбаст ба масъулони соҳа доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳо дода шуд. Раиси ноҳия уҳдадор гардид, ки ҳама якҷоя барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо камари ҳиммат баста, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.