5 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло дар ноҳияи Хуросон қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Пеш аз оғози қабул муовини якуми раиси вилоят ба аёдати падару модар ва аҳлу байти марҳум Исломов Некрӯз, ки дар ҳимояи ҳифзи Ватан ҷони худро аз даст додааст рафта аз аҳволи онҳо бохабар гардида, кумакҳои яквақтаина ба ин оила расонида шуд. Ҳамзамон дар ноҳияи Хуросон Салимзода Амонулло аз лоиҳаи сохтмонҳои ноҳия дидан намуда, баҳри сохтмони иншоотҳои таъиноташ гуногун ба фаъолон тавсияҳо дода шуд. Сипас, бо иштироки муовини якуми раиси вилоят дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон доир гардида, муроҷиати зиёда аз 13 нафар шаҳрвандони арзу ниёз дошта оиди барқарор намудани пулу гузаргоҳҳои деҳа, ҷудо намудани саҳм, замини назди ҳавлигӣ, таъмири бунгоҳи тиббӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва ба ин монанд дигар мушкилии мардум шунида шуд. Муовини якуми раиси вилоят ҷиҳати бартараф ва ҳали мушкилиҳои мардум ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳия дастуру супоришҳо доданд.