Раиси вилоят дар мавзеи хушманзари Чилчанори Ховалинг ба арзу матлаби сокинони маҳаллӣ гӯш дода, ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли дархостҳо ба масъулон дастурҳо доданд.
Шаҳрвандон Гулбаҳор Мирзошарифова, Амир Саиди Мункӣ, Зумрадбӣ Раҳимова, Сайҳомид Ҷаъфаров, Хуршед Қодиров, Саидмухтор Абдулмуъминов, Майрамбӣ Назарова, Асадулло Саидалиев, Ширинмоҳ Талбакова, Ҷавшан Ёқубов, Ҷамшед Ғуломов оид ба масъалаҳои роҳсозӣ дар маҳал, насби трансформатор дар деҳи нав, таъмири капиталии беморхонаи ноҳия, бунёди беморхонаи сироятӣ, чопи китоб ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар ҶБВ, барқароркунии системаи гармидиҳӣ дар МТМУ #5, сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, расонидани кумаки молиявӣ, бунёди кӯдакистон ва мактаб, кашидани хатти оби нӯшокӣ мусоидат пурсиданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ҳалли мусбати дархостҳо ба масъулони ташкилотҳои дахлдор супориш доданд.