Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун қабули сайёри шаҳрвандонро гузаронида, ба арзу дархости беш аз 20 сокини маҳаллӣ расидагӣ намуд.
Қабули шаҳрвандон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. Дар ибтидо раиси вилоят бо ишора ба таъкиди Роҳбари давлат, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қайд кард, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.
Шаҳрвандон Асақолов Ҷамшед — роҳбари хоҷагии деҳқонии “Фотеҳ”, Ҳоҷиев Саидакбар — муваққатан бекор, Бобоев Шайдулло – директори МТМУ №20, Назаров Сафарбек – кишоварз, Сатторова Маснавӣ — хонашин, Муродов Аюб – мудири дорухонаи бойтории ноҳия, Шерматова Хайриннисо – вакили ҷамоат, Алиев Аслиддин – раиси хоҷагии деҳқонии “Ализода”, Давлатов Ҳимоиддин – сардори хоҷагии деҳқонии “Ҳумо”, Искандаров Маҳмуд – омӯзгор, Пулатова Холмоҳ – нафақагир, Ҳасанов Сайфуддин – соҳибкор, Шарипов Шодмонбек – раиси кумитаи маҳалла, Комилов Абдумуқаддир – роҳбари хоҷагии деҳқонии “Субҳон”, Ҳомидова Фотима – хонашин, Хайруллоев Абдуҷаббор – намояндаи хоҷагии фермерии “Гулбаҳор” ва дигарон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони сардхона, нуқтаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва тухмиҳо, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ (4 оила дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд), ҷудо намудани таҷҳизоти таълимӣ барои даҳ синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №20 (сохтмони синфхонаҳо тариқи ҳашар сохта мешаванд), ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Фатҳобод (сохтмони мазкур тариқи ҳашар ба роҳ монда мешавад), ҷудо намудани қитъаи замин ва дастрас намудани лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Махдумқулӣ (сохтмони он тариқи ҳашар пешбинӣ шудааст), тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, баҳси заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, барвақттар таъмин намудани оби полезӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони сехи истеҳсоли дару тиреза ва осиёб (бо бунёди корхона 10 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд), таъмин намудани аробачаи маъюбӣ барои фарзанди маъюби 26-сола (маъюби гурӯҳи якум, ки роҳ гашта наметавонад), ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони майдончаи варзишии ҳозиразамон, иҷозат барои бунёди гармхонаи лимӯпарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ, норасоии оби нӯшокӣ дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси ноҳияи Ҷайҳун А. Одиназода оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ҳисобот дод. Қайд гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бунёду азнавсозии 294 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
То 1 январи соли ҷорӣ 255 иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд гардидаанд. Аз он ҷумла як муассисаи томактабӣ, 6 мактаб, ду бинои иловагии мактаб, як маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, 6 дорухона, боғи фарҳангӣ ва гулгашт, 3 толори варзишӣ ва 48 майдончаи варзишӣ, 3 корхонаи дӯзандагӣ, 3 сардхона, 20 гармхона, сохта мавриди истифодаи умум қарор дода шудааст. Инчунин, дар ин муддат 43 километр роҳ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, ду адад пул, як ҳаммом ва 6 маркази хизматрасониву савдо бунёд гардидааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳияи Ҷайҳун дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ басо назаррас буда, солҳои охир дар ноҳия майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати ҳазорҳо гектар афзоиш дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, тандурустӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ташаббускорию навоварӣ ҳидоят намуданд, — таъкид нкамуд раиси вилоят Қ. Ҳакимзода. – Бинобар ин, ҳамаи мо – фаъолони вилоят, аз он ҷумла ноҳияи Ҷайҳунро мебояд ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашнҳои миллӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда тамоми неру ва малакаи худро равона созем.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон