Рӯзи 19 январи соли 2019, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Кӯшониён сафар карда, сараввал аз ҳолу аҳволи 3 нафар собиқадорони меҳнат дидан намуд ва ба онҳо кӯмаки яквақтаина расонид. Сипас, Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён сокинони арзу ниёздоштаро ба ҳузур пазируфт. Дар қабули сайёр муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулин ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён ширкат варзиданд.
Дар ибтидои қабули шаҳрвандон Шералӣ Ашӯров, сокини деҳаи Балҷувони Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён», оид ба сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва сартарошхона дар ҳавлии масҷиди ғайрирасмӣ, ки ҳамчун чойхона вобаста шудааст, муроҷиат намуд. Инчунин, Ҷумъабек Хоҷаев, сокини Ҷамоати деҳоти «Заргар», ҷиҳати ҷудо намудани саҳмаш, Саодат Пирматова, сокини Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён», оид ба дастрас намудани аробачаи маъюбӣ барои фарзанди маъюбаш (бо дастури раиси вилоят ин масъала саривақт ҳалли худро пайдо намуд), Кароматулло Кабиров, сокини шаҳраки «Бохтариён», кӯчаи Рӯдакӣ, оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сокини Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод», айни замон бекор, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони ҳаммом, кошонаи ҳусн ва майдончаи варзишӣ, Кабиров Кароматулло ва Қурбонов Илҳом, сокинони шаҳраки «Бохтариён», оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ арзи матлаб намуданд.
Инчунин, дигар сокинони ноҳия, аз ҷумла Раҳмонов Анвар — соҳибкор, Маҳмадҷонов Адҳамҷон — раиси маҳалла, Маликова Бибиҷон — ҳамшираи тиббӣ, Касиров Толиб — муовини раиси маҳалла, Сайдалиев Мизораҳим — директори МТМУ №55, Гулов Тӯйчибек — аъзои хоҷагии деҳқонӣ, Қаҳҳоров Зайнулло — роҳбари хоҷагӣ, оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва коргоҳҳои саноатӣ, ҷудо намудани замин барои сохтмони утоқи корӣ барои раисони маҳалла, оид ба ҳуҷҷатгузории саҳми замини хоҷагӣ, ҷудо намудани техника барои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Вахш, дастгирӣ ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55, мусоидат барои гузаронидани қубурҳои обгузар аз дарёи Вахш, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони фермаи мурғпарварӣ муроҷиат намуданд. Барои баррасӣ ва ҳалли мушкилии муроҷиаткунандагон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулини ноҳияи Кӯшониён ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дастуру супоришҳо дод.
Сипас, раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор оид ба дастоварҳои соли 2018 дар назди ҳозирин маърӯза намуд.
Раиси вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Баҳ ром Миров