Имрӯз, 20 март, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Раиси вилоят сараввал сокинони ноҳияро бо фарорасии Наврӯз табрик гуфта, барояшон рӯзгори ободу осуда таманно намуд.
Қайд гардид, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Барои истиқболи самимӣ ва арзандаи Наврӯз ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишварамон бо шукгузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, тинҷиву оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, ки муҳимтарин ҷашн – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пеш аст, вусъат бахшида, дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандӯстона мегузоранд.
Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба арзу дархости сокинони маҳаллӣ гӯш дод. Равшан Абдурасулов — раиси маҳаллаи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои деҳаҳои навбунёд, Хайриннисо Шарипова — муовини раиси Ҷамоати деҳоти “Обшорон” оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои Ҷамоат ва набудани боғчаи бачагона, Бобоев Бозор — вакили маҳаллаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов оид ба сохтмони мактаб барои 240 хонанда, инчунин дигар сокинони маҳаллӣ оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои бунёди варзишгоҳ, бунёди маркази ҷавонон, барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, оид ба эрозияи заминҳои ҷамоат, шинонидани қубур аз таги канали Парчасой ва роҳи мошингузар барои сел, оид ба норасоии оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастурҳои мушаххас дод.
Дар асоси муроҷиати шаҳрванд Шамсия Камолова, ки маъюби гурӯҳи якум аст, ба ӯ кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ расонида шуд.
Дар охир қайд гардид, ки яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгариро ривоҷ мебахшанд.
Раиси вилоят изҳори итминон намуд, ки дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони заҳматқарини ноҳияи Ёвон ойинҳои деринаи наврӯзиро гиромӣ дошта, ҳар як оила дар ободонию хуррамгардонии маҳал, беҳдошти муҳити зист, раванди созандагию бунёдкорӣ, истифодаи оқилонаю самарабахши ҳар як ваҷаб замин саҳми шоистаи худро мегузорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон