Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шурӯъ гардид.
Тибқи дастури Сарвари мамлакат чунин қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта аз ҷониби роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ва ниҳодҳои давлатӣ сурат мегиранд. Аз ҷумла раиси вилоят мунтазам дар шаҳри Бохтар ва навоҳии вилоят рӯзҳои шанбе шаҳрвандонро қабул ва ба арзу матлабашон расидагӣ мекунанд.
То ин вақт сокинони ноҳия Содиқ Ҷумъаев, Идрис Худойдодов, Бибисоат Ашӯрова, Маҳфуза Азимова, Нурмаҳмад Абдумуродов, Муҳаббат Бердиева, Саъдия Ятимова оид ба поккории заҳбуру заҳкашҳо дар Ҷамоати деҳоти «Фирӯза», пешгирӣ аз баландшавии оби зеризаминӣ, расонидани кумаки молиявӣ, ташкил намудани симчӯб дар қисмати поёнии маҳаллаи навбунёди шаҳраки Баҳор, таъмини корхонаи манзилию коммуналӣ бо мошини махсуси боркаш, сангфаршкунии роҳ, норасоии оби софи нӯшиданӣ масъалагузорӣ ва дархости мусоидат намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода вобаста ба баррасӣ ва дар кутоҳтарин фурсат ҳаллу фасл намудани муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур доданд.