Рӯзи 30 марти соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо мақсади шиносоӣ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Панҷ ва қабули сайёри шаҳрвандон ба ин ноҳияи мазкур сафари корӣ доир намуд.
Сараввал раиси вилоят ба айёдати як гурӯҳ собиқадорони ноҳия рафта бо онҳо мулоқот намуд. Собиқадорони ноҳия Мусоев Ҳ. Сиярова О. Нидоев Б., ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия солиёни зиёд фаъолият доштанд аз ин айёдати роҳбари вилоят хушҳол гардиданд.
Зимни суҳбат онҳо ба раиси вилоят миннатдории хешро ҷиҳати сиёсати оқилонаи роҳбари давлат нибати дастгирии меҳтарон ва ободонию бунёдкорӣ дар ҳар гушаву канори ватани азиз расонианд ва иброз доштанд, ки имрӯз омодаанд дар тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми арзандаи хешро расонанд.
Раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба меҳтарон кӯмакҳои моддию пулӣ расонид.
Дар худи ҳамон рӯз дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки ноҳия иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилоят ба фаъолият оғоз намуд.
Бинои 3 ошёнаи ҳозиразамони хизматрасонӣ, ки аз дорухона, маркази даҳонпизикӣ, кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши айнакҳои тиббӣ ва сехи дӯзандагӣ иборат буд. Айни замон дар ин иншоот беш аз 10 нафар соҳиби кори доимӣ гардиданд, дар сурати пура ба истифода дода шудани марказҳои хизматрасонии маишӣ боз даҳҳо нафари дигар соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи маркази саломатии ноҳия қабули сайёри раиси вилоят доир гардид.
Зимни мулоқоти раиси вилоят беш аз 20 нафар сокинони ноҳия оид ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони майдончаи варзишӣ, оид ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, оид ба масъалаи таъмини трансформатори иловагӣ барои деҳаҳо, оид ба масъалаи таъмири хатти оби полезӣ ва таъмири пойгоҳи обкашӣ ва ғайра арзу пешниҳодҳо намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бобати баррасии дархости шаҳрвандон ба роҳбарону мутасаддиёни марбута супоришҳои мушаххас доданд.