Дирӯз муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, дар доираи рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон ба ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб омада, дар маҷлисгоҳи идораи ҷамоат гурӯҳи сокинони арзу ниёз доштаи деҳоти мазкурро, ба ҳузӯр пазируфт. Аксари ба қабул омадагон аз вазъи нохуби роҳҳо, симчӯбҳои фарсудагаштаи барқ, ҳолати таъмирталаби баъзе аз мактабҳо ва ба ҳамин монанд аз дигар мушкилоти имрӯзаи деҳаҳои хеш арзи матлаб карда, аз муовини раиси вилоят хостори кӯмаку мусоидатро намуданд. Баъди шунидан ва мавриди баррасию таҳлил қарор гирифтани масъалаҳои ишорашуда, муовини раиси вилоят қайд намуд, ки ҳалли онҳоро манзури масъулини соҳа намуда, ба ҷараёни иҷрои онҳо назорат хоҳад кард.
Дар рафти кори қабул аксар вакилони деҳаҳо ширкат варзида, аз ҳолати мавҷудаи деҳаҳои хеш изҳори андеша намуданд.Масалан раиси деҳаи Зиракӣ Эмомназар Шарифов пешниҳод намуд, ки дар ҳалли баъзе аз масъалаҳои ба миён гузоштаи арзкунандагон, аз қабили асфалпӯш намудани роҳҳои дохили деҳҳаҳо, бояд худи мо фаъолон, соҳибкорони маҳаллӣ, зодагони худи деҳот ва дар маҷмуъ ҳар як сокин саҳми муайян гузоштанаш лозим меояд. Даст ба чунин амали нек задан, ин шарафу талаби рӯз ва нишони вафодорӣ ба ин Ватани ободу осуда аст. Метавонем ба ин амали дастҷамъона 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии азизамонро сазовору сарбаландона истиқбол намоем. Мо дар иҷрои амалҳои ободсозию бунёдкорӣ, аз сокинони дигари кишвар чӣ камӣ дорем!- андешаҳояшро хулоса карда гуфтанд мавсуф.
Раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ҳусниддин Зардиев ин пешниҳоди вакилро хуш пазируфта, арз намуд, ки ба масъалаҳои ба миён гузоштаи арзкунандагон беш аз пеш расидагӣ хоҳад намуд.