Ин сабқати эҷодӣ бо мақсади дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла дастовардҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон, тарғиби расму ойин ва арзишҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, волоияти қонун, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, инчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон баргузор мегардад.
Тибқи низомнома, озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 7 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шавад.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
1. “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ”
2. “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”
3. “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ”
4. “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”
5. “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ”
6. “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ”
7. “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
8. «Беҳтарин наворбардор /саҳифабанди нашрия»
9. «Беҳтарин котиби матбуотӣ»
10. «Рӯзноманигори соҳибмактаб».
Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар карда мешавад.
Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон