Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода субҳи имрӯз, 16 апрел, дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз бинои навсохти тарабхонаи «Марҳабо» боздид намуданд.
Иншооти мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии бино аз 0,06 га иборат буда, аз он зери сохтмон 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 2 ошёна бо таҳхона ва 8 утоқи хизматрасонӣ иборат мебошад.
Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бо арзиши 1 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Фармоишгари бинои тарабхонаи “Марҳабо” Ҳисориева Зулфия мебошад.
Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, дар давоми беш аз 2 сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Дар баробари корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии бино корҳои мушаххас анҷом ёфтааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир ба чароғон ва ободу зебо гардонидани саҳни бино, шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ба масъулон тавсияҳо доданд.