Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
ба муносибати Иди касбии омӯзгорон
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр!
Иди касбии омӯзгорон, ки таҷлили он рӯзи якшанбеи якуми моҳи октябр муқаррар шудааст, соли равон ба даврае рост омад, ки мардуми шарафманди вилоят, аз ҷумла аҳли илму маориф, бо рӯҳияи болида ва таассуроти нек аз натиҷаҳои сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят умр ба сар мебаранд. Тавре ҳамаи мо шоҳид будем, дар ҷараёни сафари Сарвари давлат якчанд муассисаи таълимии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои шумораи зиёди омӯзгорон ва ҳазорҳо шогирдони онҳо шароити созгор ва арзандаи кору таҳсил фароҳам оварда шуд.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии сиёсати иҷтимоӣ дар таъмини рушди босуботи кишвар дониста, баҳри пешрафт ва нумӯи соҳа пайваста таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ба пешаи омӯзгорӣ арҷ мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои илму маориф дар вилоят тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Мо барои аҳли зиё ва омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимии вилоят ҷиҳати фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ, илмӣ, эҷодию касбӣ, омӯзгорӣ ва рушди шахсӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард.
Бо ин мақсад бавусъат бахшидани раванди амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагону касбомӯзии донишҷӯён, мустаҳкам намудани заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ, таҳсил ва ҳавасмандсозии олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва донишҷӯёну хонандагон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ медиҳем, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.
Соли равон сазовори Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф гардидани 10 нафар кормандони беҳтарини соҳа, ба ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шарафёб гардидани 30 нафар роҳбарони соҳа, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону мураббиёни варзида ва хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тило шудаанд, ба стипендияҳои муқарраргардидаи раиси вилоят мушарраф гардидани 120 нафар олимони эҷодкор ва донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят, инчунин 70 нафар хонандагони аълохон ва навовару ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо мукофотҳои ҳавасмандсозии пулӣ қадршиносӣ шудани 12 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хатмкунандагони мактаб бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ ба туҳфа ва мукофотҳои ҳавасмандсозӣ сарфароз гардидани теъдоди муайяни ғолибони озмунҳои вилоятии соҳавӣ, татбиқи имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон ва амсоли ин феҳрасти нопурраи тадбирҳои болозикр мебошанд, ки аз таваҷҷуҳу дастгирии ҳамешагӣ ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ва ҳавасмандсозиву қадршиносии хизматҳои шоистаи алоқамандони он шаҳодат медиҳанд.
Айни замондар соҳаҳои илму маорифи вилоят зиёда 50 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба таълиму тарбия ва тайёру омодагии касбии наздик ба 900 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагон ва тарбиягирандагон ғайратмандона машғули фаъолиятанд, ки онҳо, бемуболиға, неруи бузурги зеҳнӣ ва ақлонии вилоят мебошанд.
Аз ин лиҳоз, мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати шогирдон ба дониш, илм ва касбомӯзӣ, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон такя намуда, саҳми назарраси аҳли илму маорифи вилоятро дар рушду нумӯи ин кишвари биҳиштосо, алалхусус, дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаву маърифатпарварона, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ қайд карда, пайваста мусбат арзёбӣ менамоем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб бори дигар алоқамандони соҳаи илму маорифи вилоятро ба муносибати Иди касбии омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию рӯзгори нек ва дар иҷрои вазифаи муқаддас, пурифтихор ва масъулиятноки касбӣ комёбиҳои назаррас таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, устодону омӯзгорони азиз!