Ҳисоботи муовини Раёсати тандурустии вилояти Хатлон шунида шуд

     Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиники ба номи Бури Воҳидов мушовараи ҷамъбастии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирҳумиддин ва муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид.

 Сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми муаррифгари фарҳанги миллатанд          

       Дар толори хониши оммавии Китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳин намоиши китоби ва маълумотдиҳию библиографии таҳти унвони «Сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми муаррифгари фарҳанги миллатанд» ташкил ва ба хонанда пешниҳод гардонида шуд.

 Дастгирӣ нисбати ятимону бепарасторон

       Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 – 2018 ба 70 нафар тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Қубодиён, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

 МАВЗЕИ САЙЁД ЗЕБОВУ   ДИЛКАШ ВА ДИДАНИБОБ  МЕГАРДАД

    Соли 2008 бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара дар ҳудуди 432 гектар ҷангал бунёд карда шуд, ки аз ин иқдоми нек табиати мавзеи мазкур ба худ ҳусни  зебову дилкаш  ва диданибоб гирифтааст.Танҳо дар соли тозасипарии 2017 дар мавзеи мазкур ба  андозаи 7029 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд.

ДАР НАВОҲИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ МАЪРАКАИ  НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

    Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб, ба хусус ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик ва Данғара   маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона оғоз ёфт. Айни ҳол аз ҳисоби ноҳияҳои номбурда дар ҳаҷми беш аз 30 гектар  ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст. Боғдорон талош мекунанд, ки  ниҳолҳои дастрас кардаи онҳо босифат ва соҳиби сертфикат бошанд, то ки дар оянда пурсамару манфиатовар гарданд.

Pages

Subscribe to KHATLON RSS

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11