АЗМИ ТАЪСИСИ КОРГОҲИ АДРАСБОФӢ БО ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Соҳибкори пуртаҷриба аз шаҳри Сарбанд Файзия Фозилова барои таъсис додани коргоҳи хурди атласу адрасбофӣ Гранти президентиро, ки баробар ба 10 ҳазор сомонӣ аст, ба даст овард.

ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БУНЁДИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ИДОМА ДОРАД

Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бинои нави Қасри фарҳанг ба истифода дода хоҳад шуд.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 19 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади фаъолгардонии занон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии занон бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ семинари омӯзишӣ доир намунанд.

СУҲБАТҲО ҶИҲАТИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН БА ОСОРХОНА

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ва меҳмонони ҳориҷӣ ба Осорхонаи вилоятӣ ҷиҳати ошнои пайдо намудан ба мероси таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон, худшиносии миллӣ ва ҷалби онҳо ба тамошои Осорхона дар як қатор меҳмонхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аз қабили меҳмонхонаҳои “Само”, “Леваканд”, “Мафтуна”, “Рамз” ва “Бохтариён” суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

ПЕШГИРИИ ТАМОЮЛИ БЕГОНАПАРАСТӢ

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, омода намудани фарзандон аз ҷумла, духтарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, тарғиби ҳунари катбонугии занон дар маҳаллаҳо, ва дигар мавзӯҳои муҳим гурӯҳи корӣ таъсис намуда, дар маҳаллаҳо, деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо занону духтарон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст.

Pages

Subscribe to KHATLON RSS

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11