6,4 МЛН. СОМОНӢ ПУЛҲОИ ФАРСУДАШУДА АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТА ШУД

Имрӯз дар бинои Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони бонкҳои тиҷоратии вилоят баргузор гардид.

Зимни маърӯзаи худ Салимов Алиҷон - мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкии вилояти Хатлон дар нимсолаи якум, қайд намуд, ки дар ин давра қарзҳои додашуда ба соҳаи кишоварзӣ 162 млн. сомонӣ, соҳаи савдо ва тиҷорат 93,3 млн. сомонӣ, соҳаи саноат, сохтмон ва нақлиёт 202,7 млн сомониро дашкил додааст.

Инчунин барориши пули нақд ба муомилот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят маблағи 648,3 млн. сомониро ташкил дод, ки аз он 212,5 млн. сомонӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппа ва 435,8 млн. сомонӣ ба минтақаи Кӯлоб рост омада, нисбати соли гузашта 34,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин иброз намуд, ки дар ин давра аз муомилот дар вилоят 6,4 млн. сомонӣ пулҳои фарсудашуда гирифта шуд, ки 4,7 млн. сомонии он аз минтақаи Қӯрғонтеппа ҷамъоварӣ шудааст.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11