13 ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТ АЗ ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БАРОМАДАНД

Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» корҳои сафарбариро идома дода, то 15 майи соли 2017 нақшаи даъвати баҳориро ба 95,6 дарсад расонидааст.

Тавре аз шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, нақшаи маъракаи муҳими сиёсӣ—даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷумла шаҳрҳои Кӯлоб, Сарбанд, Норак ва ноҳияҳои Балҷувон, Н. Хусрав, Ш. Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг, Ҷ. Балхӣ, Ёвон, Темурмалик, Хуросон ва Панҷ ба охир расидааст.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11