ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲАИ СОЛИ ҶОРӢ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии раиси вилоят муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ доир гардид, муовини якум, муовинон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорон, мудирони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва баъзе аз роҳбарони раёсатҳои омор, муҳити зист ва молия иштирок доштанд.

Дар ҷаласа маърӯзаи ҳисоботии муовини якуми раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон оид ба натиҷаҳои тарақиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳмоҳи соли 2017 шунида шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дар рӯзнома ва музокирот баррасӣ гардида раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ пурсидашуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳоти мухталифи хоҷагии халқи вилоят ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида ва дастуру супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул намуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11