ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ  ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТ ДАР СОЛИ 2017

       10 январи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба  натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2017 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2018 доир гардид. Дар кори маҷлис муовини якум, муовинони раис ва муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва намояндагони воситахои ахбори оммаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Маҷлисро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир намояндагӣ намуд.

        Аз рӯи масъалаи асосии рӯзнома  -«Натиҷаҳои тараққиёти  иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар соли 2017» муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов. Р. С. баромад намуда,  натиҷаи фаъолияти ҳамаи  соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2017 мавриди баррасӣ, таҳлил ва муҳокима қарор дод.

Аз рӯи баромади мазкур вобаста ба камбудиҳои дар фаъолияти  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ ҷойдошта, иҷро нагардидани нақшаҳои истеҳсолӣ дар самтҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ, мушкилоту кабудиҳои  ҷойдошта, роҳҳои ислоҳ ва ҳалли онҳо раисони шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ - Убайдуллои Файзулло, Фархор - Вализода Усмон, Темурмалик - Аслзода Эмомиддин, Бохтар- Ҷаббори Ғаффор, Кӯлоб - Хайрулло Амонулло, Шамсиддин Шоҳин - Зарифзода Почохон, Ёвон - Амирбеки Темур, Сарбанд - Самизода Санавбар, Норак - Ҳурматзода Фатҳулло, аз рӯи масоили соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи вилоят муовини якум, муовинони соҳавии раиси вилоят ва масъулини соҳаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар вилоят ва нақшу ҳиссаи он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти хоҷагии халқи ҷумҳури Муовини Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир баромад намуда дасовардҳо ва камбудиҳои хоҷагии халқи вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соли 2018 дар назди масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифагузорӣ намуд.

         Аз рӯи масъалаҳои дар баромади муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Р.С. оид ба натиҷаҳои тараққиёти  иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар соли 2017 дарҷгардида, пурсишу посуҳои масъулони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, баромади Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир  оид ба  нақши хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти ҷумҳурӣ раиси вилояти Хатлон натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати иҷрои нақшаҳои иистеҳсолии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2018 дар назди масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва воҳидҳои сохторӣ , роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ вазифагузорӣ  намуд.

         Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида санади дахлдори раиси вилояти Хатлон қабул гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11