ҶАЛБИ 900 НАФАР БА КАСБОМӮЗӢ

Дар литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз рӯйи 13 ихтисос беш аз 900 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилои Маҳмадулло Маҳмадинов, яке аз масъулони курсҳои кӯтоҳмуддат, ба касбомӯзӣ сокинони аз 15 то 49-сола фаро гирифта шуда, ба онҳо мутахассисони варзида касбу ҳунар меомӯзанд. Баъди анҷоми машғулиятҳо касбомӯзон дар назди устодон ва мутахассисон имтиҳон супорида, соҳиби диплом мегарданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11