ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РУШДИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Шӯро-муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯро аъзои Шӯро ва раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои интернатӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси Шӯро, муовини раиси вилоят М. Хидирзода кушода, иштирокчиёнро ба рӯзномаи ҷаласа: 1) Оид ба фаъолияти муассисаҳои интернатӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 2) Ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 сентябри соли 2012, №239 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №282, «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» дар фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 3) оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №144 «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ барои солҳои 2016-2020» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят, 4) Вазъи бақайдгирии довталабон барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дахлдори ҷумҳурӣ барои солҳои таҳсили 2017-2018 шинос намуд.

Оид ба масъалаи якум ва дуюм сардори раёсати маорифи вилоят Исоев Диловаршо ҳисобот дод. Оид ба масъалаҳои сеюм ректори донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав Шодиев Маҳмад ва оид ба масъалаи чорум Халилов Раҳмоналӣ сардори бахши муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят маълумот доданд.

Масъалаҳои рӯзнома мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар охир қарори дахлдор қабул карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11