ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

7 декабри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбари муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед ҷаласаи навбатии ситоди зимистонгузаронии вилоят баргузор гардид, ки дар ҷаласа сардорони ситоди шаҳру ноҳияҳои вилоят ва аъзоёни он иштирок намуданд.

Ҷаласаи Ситод ба як масъала рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа ахборотҳои роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳлили вазъи омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 Маҳмадалиев Шавқат ва Исматов Тоҷиддин шунида шуд.

Сипас, муовини раиси вилоят У. Зоҳирзода рафти иҷрои қарори мазкурро ба баррасӣ гирифта, қайд намуд, ки тибқи қарори мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят захираи маводҳои зарурӣ, аз ҷумла захираи ангишт, ҳезум, печка, дудбаро, сӯзишвории дизелӣ, қум, сабзавоту мева, хошоки дурушту ширадор, таъмир ва барқароркунии фермаҳо, кашарҳо, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳо, ҷамъоварии маблағҳои барқу газ, хизматрасонии коммуналӣ, ташкили нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишту гази моеъ ва дигар маводҳои зарурии соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ ташкил карда шудааст, вале бо зами иҷрои ин ҳама корҳои анҷомшуда мушкилот низ дида мешавад.

Муовини раиси вилоят У. Зоҳирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини ситодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11