ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР КӮЛОБ

Тибқи фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар толори конфронсии меҳмонхонаи “Чанор” шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории менеҷерон ва директорони марказҳои солимии репродуктивӣ оиди ҳамбастагии барномаҳои амудӣ ба хизматрасониҳои тибби оилавӣ доир гашт, ки дар кори он менеҷерони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, директорони марказҳои тибби оилавӣ ва директорони марказҳои солими репродуктивии вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар рафти семинар- машварат масъулони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Н. Раҳимова намояндаи Хазинаи Нуфуси Аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ҷонова Б.-сардори шӯъбаи бизнесбанақшагирӣ ва таҳлили рушди тибби оилавии муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявӣ таълимию клиники тибби оилавӣ, Ғанизода М.Х, – директори Муассисаи давлатии Маркази миллии солими репродуктивӣ, Қурбоналиев А.–директори муассисаи давлати “Ташхисгоҳи генетикӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласаи корӣ дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, дастовардҳо ва мушкилотҳо оиди амалинамоии Нақшаи Стратегии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11