ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 14 декабри соли 2017 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия Хидирзода Махфират Умар бо иштироки аъзоёни Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раис ва котибони комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ва дигар даъватшудагон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии крррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар 11 моҳи соли 2017 шунида шуд.

Сипас, Ғафурзода Искандар сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вазъи фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа нақшаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатии вилояти Хатлон, барои соли 2018 иборат аз 14 банд тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11