ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ДОИР ГАРДИД

13 июл соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии раиси Комиссия - муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар дар якҷоягӣ бо аъзоёни Комиссияи вилоятӣ ва муовинони соҳаи иҷтимоии раисони шаҳру ноҳияҳо ва котибони Комиссияҳои ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба масъалаи тарбияи ҳуқуқӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки пешгирии ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ба ҷиноят даст задани шаҳрвандон бахусус ноболиғон, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласа маърӯзаи мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бегова Хатича, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Садирзода Ҷумахон ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилоят Салимов Маҳмадалӣ шунида шуд.

Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои профилактиву фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва озмуну мусобиқаҳо миёни наврасону ҷавонон сатҳи маърифати ҳуқуқии ноболиғон боло рафта дар ин давра ба ҷиноят даст задани ноболиғон 54 ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Сипас, М. Хидирзода фаъолияти Комиссияро мавриди таҳлил қарор дода, иброз намуд, ки дар самти фаъолияти Комиссия корҳоро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри амалӣ гардидани қонуни мазкур, пешгирии ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят даст задани ноболиғон ҳамкорӣ ва ширкати тамоми мақомотҳои дахлдор ва ҳар фарди ҷомеа ҳатмӣ мебошад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11