ҶАВОНОН - ҚОНУНҲОИ МИЛЛИРО ТАРАФДОРӢ ВА ТАРҒИБ МЕНАМОЯНД

Чанде пеш тибқи нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Темурмалик дар кучаи марказии ноҳия ба номи И.Сомонӣ роҳпаймоии ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон - қонунҳои миллиро тарафдорӣ ва тарғиб менамоянд”доир гардид.

Дар ин роҳпаймои беш аз 150 ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо гирифтани парчамҳо, шиору овезаҳои тарғиботии қонуни миллии кишвар "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ширкат варзиданд.

Зимни суҳбат мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳи Аслиддин А. зикр намуд, ки "Аҳамият ва мавқеъи зарурӣ доштани амали меъёрҳои қонуни мазкурро дар рушди ҷомеаи навини тоҷикон муҳиму саривақтӣ буда, маҳз ба тариқи дахлдор дар амал татбиқ гардидани муқарраротҳои санади зикршудаи ҳуқуқӣ шароити донишандӯзиву васеъ шудани ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон беҳтар гардида, баҳри инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо имкониятҳои иловагии молиявию моддӣ пайдо гардиданд. Ҳамзамон таъсири мусбии қонуни танзим дар руҳияи гиромидошти урфу одатҳои таърихии ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон ба назар расида, яке аз омилҳои муҳими пойдории фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҳисоб меравад ва ин нишонаи рамзии ҷашни Соли ҷавонон дар давраи 10 солагии қабули қонуни миллии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба ҳисоб меравад".

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11