ҶАВОНОН СОҲИБКАСБ МЕШАВАНД

Таълиму тарбияи ҷавонон, соҳибихтисос намудани онҳо имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа гардидааст. Ин аст, ки давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи муҳим диққати ҷиддӣ медиҳанд. Аз ин хотир шумури литсею коллеҷҳои ҳунарӣ, курсҳои бозомӯзӣ дар ҷумҳурӣ торафт зиёд мегардад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон соҳибкасб шуда, соҳиби ҷойи кор гарданд ва ё дар хона ба истеҳсоли маҳсулоти дастӣ шуғл варзанд. Ба тарзи дигар гӯем, ҳунарҳои собиқаи ниёгонамон, аз қабили бофандагию ресандагӣ, косибӣ ва ғайраро эҳё намоянд.

Дар ин раванд, ҳамчунин лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ мегардад, ба қадри имкон саҳм мегирад.

Ноҳияи Восеъ баробари 9 ноҳияи ҷумҳурӣ дар ин барнома шомил буда, аллакай, аз тарафи ин Барнома корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Роҳбарӣ ва амалӣ гардидани ин лоиҳаро дар минтақаи Кӯлоб  Абдулло Гулиев ба уҳда дорад. Масъулини ин ниҳод тавонистанд, ки дар ноҳияи Восеъ фаъолияти касбомӯзиро тавассути курсҳои кутоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ҷоннок намоянд. Аллакай тавассути ин курсҳо даҳҳо нафар писарону духтарон соҳибкасб гардиданд.

Қобили қайд аст, ки аз тарафи намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Восеъ боз як иқдоми нек ба ҷо оварда шуд. Тавассути ин ниҳод дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ омӯзиши касбҳои нави ба бозори иқтисодӣ ва меҳнат ҷавобгӯ ба роҳ монда шуд. Бо дастгирии намояндагӣ дар ин ҷо ду синфхонаи омӯзиши касбҳои сантехникӣ ва синфхонаи барҳавои омӯзиши адрасбофӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ ва порагарӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Чуноне зимни суҳбат  намояндаи Барномаи рушд Абдулло Гулиев ва директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Қудратулло Шарифов изҳор намуданд, ба курси омӯзиши сантехникӣ 25 нафар ва адрасбофӣ бошад, 15 нафар духтарон фаро гирифта шудаанд. Тибқи нақшаи мавҷуда давоми сол ин курсҳоро бояд 120 нафар ҷавонон хатм намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки синфхонаҳои омӯзишӣ ҳамчунин бо ҷиҳози зарурии омӯзишӣ - дастгоҳҳо, ришта, ранг, мошинаи дарздӯзӣ, олоти сантехникӣ ҷиҳозонида шудаанд. Баробари ин, омӯзгорону хонандагон бо маош ва идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

- Мақсад аз таъсиси курсҳои касбомӯзӣ, - мегӯяд роҳбари намояндагии Барномаи рушд дар минтақаи Кӯлоб Абдулло Гулиев, - соҳибкасб намудани ҷавонон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мебошад. Бо омӯзиши касбҳои адрасбофию порагарӣ ва ресандагӣ ҷавонон метавонанд фаъолияти худро дар хона ба роҳ монанд ва сатҳи зиндагии худро баланд бардоранд.

Чанде пеш дар Литсейи касбӣ - техникии ноҳия тантанаи ифтитоҳи синфхонаҳои нави омӯзиши касбҳои адрасбофию сантехникӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад Роҳбари намояндагии Барномаи рушд Абдулло Гулиев ва муовини раиси ноҳияи Восеъ Сабур Султонов ширкат варзида, лентаи рамзии оғози фаъолияти синфхонаҳои касбомӯзиро бурида, ба ҳунаромӯзон барору комёбиҳо таманно намуданд.

Сипас, Абдулло Гулиев ва Сабур Султонов ба синфхонаҳо даромада, бо рафти омӯзиш ва касбомӯзии хонандагон шинос гардиданд. Директори Литсейи касбӣ-техникӣ Қудратулло Шарифов аз номи ҷавонон ва коллективи омӯзгорону устодони муассисаи таълимӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари намояндагии Барномаи Рушд Абдулло Гулиев барои ғамхориашон дар ҳаққи ҷавонон изҳори сипос намуда, афзуд, ки кушодашавии курсҳои нави омӯзиши ҳунарӣ туҳфаи хубест дар Соли ҷавонон барои ҷавонони ноҳия. Ва мо, омӯзгорон, баҳри он ҷидду ҷаҳд менамоем, ки вазифаи худро аз самими дил ба ҷо оварда, дар роҳи ҳунаромӯзии ҷавонон донишу таҷрибаи худро дареғ надорем.

 

Наҷот САФАРЗОДА

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11