Ҳисоботи муовини Раёсати тандурустии вилояти Хатлон шунида шуд

     Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиники ба номи Бури Воҳидов мушовараи ҷамъбастии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирҳумиддин ва муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид.

     Дар кори он менеҷерони сохтори госпиталӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, директорони Марказҳои солимии репродуктивӣ, роҳбарони

марказҳои вилояти, сардухтурони Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳру ноҳияҳо, сардорони Хадамотҳои назорати тибби вилоят иштирок намуданд.

     Тавре аз ҳисоботи муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шоназарова М. маълум гардид, ки    кормандони соҳаи тандурустӣ  баҳри устувории заминаҳои моддию техники иншоотҳои тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ аз хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои судманд андешида, ба як қатор дастовардҳо ноил  гаштааст. Имрӯз бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмиллӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба таври ҳашар дар 12 моҳи  соли 2017   дар қаламрави вилояти Хатлон, 42-адад бунгоҳи саломатӣ сохта шуда 2-адад сохтумонаш идома дошта, 21-адад Марказҳои саломатии деҳот ба истифода дода шудааст.  Дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод барои шахсони имконияташон маҳдуд Маркази тавонбахшии “Рӯҳбахш” иборат аз 6-ҳуҷра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии ташкилоти байналхалқии “Миссияи шарқ” барои 51 нафар шахсони имконияташон маҳдуд сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мақсудов Эмомалӣ осоишгоҳи “Нигора” ба таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони тибби таъмин гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода иштирок намуд.  Дар санаи  19 декабри соли 2017 дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маркази тавонбахшии “Умедбахш” барои кӯдакони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Дар  шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади беҳтар намудани вазъи ғизогирии модарону кӯдакон муҳокимаи дастовардҳо ва мушкилиҳо дар соҳаи ғизо дар байни кӯдакону модарон дар вилояти Хатлон ФОРУМ дар мавзӯӣ: “1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат” баргузор гардид.  Дар заминаи Марказ моҳи марти соли 2017 бори аввал кафедраи стоматологияи филиали Донишкадаи таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ташкил карда шуд, ки  соли сипаригардида дар он 29 нафар табибони стоматолог ва 6 нафар духтурони дандон такмили ихтисос  намуданд.

         Дар охир дар барорбари пешрвиҳо низ камбудиҳо ба назар мерасид, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар суханрони намуда таъкид намуд, ки ҳар як роҳбари муассисаҳои тиббӣ бояд масъулиятшинос, дар ташхису табобат, солимии ҷомеъа фаъол ва маърифати аҳолиро баланд бардорад.  

 

 

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11