ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ «САҲМИ АРЗАНДА ДАР ҶОМЕА, ТАЪМИНИ АМНИЯТ, ТАРАҚҚИЁТ АСОСИ РУШДИ КИШВАР»

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд таҳти раёсати раиси шаҳр Самизода Санавбар ҳамоиш дар мавзӯи «Саҳми арзанда дар ҷомеа, таъмини амният, тараққиёт асоси рушди кишвар» доир гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, нафар раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси шаҳр С. Самизода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ муттаҳид намудани тафаккури солим дар ҷомеа баҳри ободу зебо гардонидани як гӯшаи ватани аҷдодӣ ва саҳм гирифтан дар амалҳои наҷиби инсонӣ, ифтихор доштан аз ватану ватандорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани кору пайкори ниёгон ва ба ин васила бедор намудани хештаншиносӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин Зайниддинзода Н, иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳр дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, Н. Муродов, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, А. Имомов, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр дар мавзӯи иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона аз нигоҳи дини мубини ислом сухан гуфтанд.

Дар охир миёни роҳбарият ва иштирокчиён суҳбати ошкоро доир гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида, саволу ҷавобҳо доир гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11