ҲАМОИШ ДАР КОЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҚУРҒОНТЕППА

Дирӯз дар Колеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа бо дастгирии Президенти федератсияи футбол муҳтарам Рустами Эмомалӣ Хамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ дар вилояти Хатлон доир гардид. Ин ҳамоиш бо иштироки мовини раиси вилоят Хидирзода Махфират, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ва сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиши вилоят Исматуллозода Ҷамолиддин ва ҷавонони фаъоли вилоят гузаронида шуд ва дар охирӣ ҳамоиш аз тарафи Раиси кумита ба гирандагони стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома ва маблағҳо супорида шуд.

Ёдовар мегардем, ки дар вилояти Хатлон айниҳол 108 нафар гирандагони стипендияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят, 521 нафар гирандагони стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки ҳамарӯза барои баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ ва дар раванди ободкориву бунёдкории ватанамон ширкати фаъолона доранд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11